Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ пора барои ҷудо карда додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ

 

Ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки раиси ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич Отабойзода Комил Умурбой моҳи августи соли 2018 дар утоқи кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан ҷиҳати ба номи шаҳрвандон “А” ва “Б” аз ҳудуди заминҳои деҳаи Истиқлоли ҷамоати болозикр ҷудо карда додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ маблағи 10000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.

Дар ин раванд Отабойзода К.У. ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ моҳҳои август-октябри соли 2018 дар ду маврид аз шаҳрванд “А” маблағи 7000 сомониро гирифта, оварда додани боқимондаи маблағро дар ҳаҷми 3000 сомонӣ талаб кардааст.

19 октябри соли 2018 вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Отабойзода К.У. бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ охирин баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда 3000 сомонии талабнамудааш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Отабойзода К.У. баъди анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.