Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Қаллобӣ барои ҷудо намудани 0,06 гектар қитъаи замин барои сохтмони истироҳатгоҳ

Дар раванди баррасии маводҳои ҷамъовардашуда нисбати шаҳрванд Нигматов Умаралӣ Ҳамрохонович муайян карда шуд, ки номбурда дар вазифаи мутахассиси КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Ваҳдат» кор карда истода, санаи 04 октябри соли 2018 дар бинои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо шаҳрванд “А” вохўрда, бо маќсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аз охирин барои мусоидат намудан барои гирифтани қарори Раиси шаҳри Ваҳдат дар хусуси ҷудо намудани 0,06 гектар қитъаи замин барои сохтмони истироҳатгоҳ маблағи 20000 сомонӣ талаб намуд.
10 октябри соли 2018 нисбати Нигматов Умаралӣ Ҳамрохонович бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблаги 20000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ў ёфта гирифта шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нигматов У. идома дорад.
 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.