Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Ворид намудани қочок бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи пинҳони

 

Сокини ноҳияи Ҷ.Расулов Боқиев Рустам Худойдодович бо мақсади ба даст овардани фоида санаи 04.08 соли 2018 бо “Мурод” ном сокини н.Б.Ғафуров дар ҳудуди деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад вохурда бо номбурда бо маслиҳати пешакӣ ҷиҳати бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маводи сузишвории дизелиро намуд.
Сипас Боқиев Р.Х. санаи 05.08 соли 2018 тибқи маслиҳати намудааш бо “Мурод” ном сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади кашонидани маводи сузишвории дизелӣ,тавассути автомашинаи тамғаи “Портер” аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 20730 литр маводи сузишвории дизелиро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ ворид намуда, ин маҳсулотҳоро ба бордони воситаи нақлиёти тамғаи “ДАФ” рақами қайди давлатиаш 7412 ВО 02, ки дар дохили бордони он зарфи оҳанини махсусгардонидашуда таҷҳизонида шуда буд, бор карда ба ноҳияи Ҷ.Расулов интиқол додааст.
Санаи 06 августи соли 2018 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯи аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи “ДАФ” рақами қайди давлатиаш 7412 ВО 02 дар назди НФС “Газпром”-и ноҳияи Ҷ.Расулов боздошт карда шуда аз бордони он 20730 литр маводи сузишвории дизелӣ дарёфт карда шуданд.
Мувофиқи хулосаи филиали Суғдии Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 августи соли 2018 арзиши умумии 20730 литр маводи сузишвории дизелӣ 161 694,00 (яксаду шасту як ҳазору шашсаду наваду чор) сомониро ташкил медиҳад.
Оиди ин ҳолат нисбати Боқиев Р.Х. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда аз руи тобеъият ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.

Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.