Гуфтаҳо :

Нақшаи ҷинояткорона бо мақсади тасарруф намудани молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб

 

 

Ҷалолов Фаррух Ҷамолович, санаи таваллудаш 04 феврали соли 1981, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, кучаи Кешбофон ҳавлии №94, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул нашуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Шукуров Шералӣ Исоқбоевич сокини ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”, деҳаи Чӯянгарон даромада, бо мақсади тасарруф намудани молу мулки номбурда нақшаи ҷинояткорона кашида, худашро корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муаррифӣ карда, ба охирон иброз доштааст, ки барои адои қарзи шаҳрвандиаш дар ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионй ба ӯ кумак расонад.
Сипас, баъди бо ин тарзу усул ба даст овардани боварии Шукуров Ш.И. аз номбурда бо роҳи фиреб барои гузаронидани амалиётҳо оиди ошкор намудани ҷиноят кумаки молиявӣ хоста, давоми моҳҳои январ- феврали соли 2018 дар якчанд марҳила барои гузаронидани амалиёт оиди ошкор намудани ҷиноят гуён аз Шукуров Ш.И. дар маҷмуъ маблағи 12050 сомонй талаб карда гирифта, онро ба манфиати шахсиаш сарф карда, бо ин кирдораш ба Шукуров Ш.И. зарари калони моддӣ расонид.
Оиди ин ҳолат нисбати Ҷалолов Ф.Ҷ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
  

Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.