Гуфтаҳо :

Тасарруф намудани молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб

 

Азаматов Ориф Олимович дар вазифаи мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров кор карда истода, дар давоми фаъолияти кориаш, бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо мақсади бо роҳи қаллобӣ ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Бобоҷонов Азим Раҳимҷонович даромада, барои ба номи ҳамсари охирон Бобоҷонова Бималоҳат ҷудо намудан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замин ба масоҳати 0,30 га аз ҳудуди заминҳои аҳолинишини ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров маблағи 10 000 доллари ИМА талаб намуд. Минбаъд, Азаматов О.О. бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷиноятии худ, давоми солҳои 2015-2018 дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров дар чор маврид, мувофиқан, тахминан моҳи майи соли 2015 маблағи 2500 доллари ИМА, охирҳои моҳи майи соли 2015 маблағи 3000 доллари ИМА, охирҳои моҳи декабри соли 2015 маблағи 70000 рубли русӣ ва моҳи апрели соли 2018 маблағи 3000 доллари ИМА, чамъ маблағи 8500 доллари ИМА ва 70000 рубли русиро гирифта, онро тасарруф намуда, ба шаҳрванд Бобоҷонов А.Р. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонид.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Азаматов О.О. бо аломатҳои пешбининамудаи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии идома дорад.
 

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.