Гуфтаҳо :

Талаб намудани пора барои ҷудо намуда додани 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлиги

 

Шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуд, ки сардори Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимой ва нафақа дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Мадалиев Шарифхон барои ҷудо намуда додани 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлиги маблағи 2000 доллари ИМА талаб карда истодааст.
   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишоти санаи 04 сентябри соли 2018 дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Мадалиев Шарифхон ҳангоми аз шаҳрванд Тилабов Панҷӣ гирифтани маблағи 2000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблаги 2000 доллари ИМА аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.
     Вобаста ба ҳолати зикр гардида нисбати Мадалиев Шарифхон Сафаралиевич сардори Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимой ва нафақа дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда тафтишоти пешакии он идома дорад.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.