Қаллобӣ барои вобаста намудани қитъаи замин

 Файзуллозода Парвиз зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи сардори раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 20 000 доллари ИМА талаб намудааст.

 

 Номбурда аз ин маблағ шахсан 57 000 сомониашро гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдона ба шаҳрванд зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Файзуллозода Парвиз бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ