«Забон ҳастии миллат»

 Ҳамасола санаи 5 октябр бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави Ватани азизамон бо нишонаи арҷгузорӣ ба забон, фарҳанг ва маърифати ватандорӣ ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 

 Ҳамин арҷгузорӣ моро бояд водор созад, ки сари масъалаи забон андеша намоем. Чун забонро яке аз муқаддасоти миллии худ эътироф намудем, ин муқаддасот бояд поку беолоиш ва муназзаҳ аз тамоми бегонагиҳо бошад.

 

 Яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин забон аст ва забон дар пойдориву таҳкими давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад. Танҳо бо ҳамин далел забонро ба бунёду пояи давлат маҳсуб донистаанд.

 

 Дар олам забонҳои зиёд арзи ҳастӣ доранд, вале забони модарии мо-забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бою шево ва ширину гуворо буда, миёни дигар забонҳо мақому мартабаи шоиста дорад. Миллати некноми тоҷик ҳазорсолаҳост, ки бо ин забони нобу шево муошират ва гуфтугӯ карда, дар таърих фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигар сабт намудааст.

 

 Дар ин раванд, Пешвои муаззами мо дар баромадҳои худ қайд карда буданд, ки: «Забони тоҷикӣ дар таълифоти илмӣ собиқаи беш аз ҳазорсола дорад. Бузургтарин донишмандони мо Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб – ут тафҳим» ва «Осор - ул - боқия» бунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки ин анъанаи ватанхоҳона дар асрҳои баъдӣ аз тарафи донишмандони маъруф Насируддини Тусӣ, Умари Хайём ва то Аҳмади Дониш идома пайдо кард».

 

 Таърихи пайдоиш ва таҳаввулу такомули забони тоҷикиро муаррих ва донишманди гаронмоя Бобоҷон Ғафуров ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла нигоштааст:- «Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбӣ - Эронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла унсурҳои забони форсиро ҳазм менамояд. Навиштаҷоти форсии асрҳои VII-VIII, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ, тоҷикӣ, ки онро забони форсӣ- дарӣ ё худ забони форсӣ ҳам номидаанд, ҳарф мезаданд». Ӯ ҷойи дигар менависад: - «Вазияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IХ барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳонакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид».

 

 Эй забони тоҷикон, хуни равони тоҷикон,

 

 Аз тамоми бенишониҳо нишони тоҷикон.

 

 Оре, забон барои ҳалли муаммою мушкилоти ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад. Маҳз забон ба ҳастии миллати мо бақо дод. Сарвари мо, ки ҷиҳати пешрафт ва ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат хизматҳои басе шоиста анҷом додаанд, ба ҳайси Пешво ва таълими адаб ба соҳибони ин забон сидқан муҳаббатро ба ин муқаддасот чунин баён карда буданд: - «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагона ва оинаи осори ниёконам мебошад».

 

 Имрӯз забони тоҷикӣ барои мардумони кишвари мо ба монанди Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста дорад. Ба ҳар давлатҳое, ки мо сафар мекунем, моро бо ана ҳамин забони модарии тоҷикиамон мешиносанд.

 

 Пӯшида нест, ки аслан забони тоҷикӣ баъди 1100 соли давлати аҷдододии мо - Сомониён дар даврони истиқлолият мақоми давлатӣ пайдо кард ва айни замон дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул ёфта, тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокинони кишварро ба дӯш мегирад.

 

 Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад ва илова бар ин, Истиқлолият ҷиҳати ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он заминаҳои мусоид фароҳам оварда, ҳама гуна маҳдудиятҳо ва монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф месозад.

 

 Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд, заминаҳои ҳуқуқии забони давлатӣ мустаҳкам карда шуданд.

 

 Чунончӣ, Қонуни мазкур ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор кардааст, ки забони давлатиро, ки он забони тоҷикӣ дониста шудааст, донад. Давлати Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро кафолат додааст. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқиро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ муваззаф гардонидааст, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароити мусоид фароҳам оваранд.

 

 Ҳамчунин, бо Қонуни мазкур забони давлатӣ забони кории коргузорӣ, забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони таҳсил, илм, забони чорабиниҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, забони эълону реклама, иттилоот ва коммуникатсия, забони коргузорию номгузории ташкилотҳо, маҳалҳо, забони матни муҳру тамѓаҳо, бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ, забони матни қоѓазҳои қиматнок, забони гуфтушунидҳо ва мукотибот эътироф карда шудааст.

 

 Ҳамзамон ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи талаботи Қонун дар моддаи 26 оварда мешавад, ки шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 Ин меъёрҳо бешакк заминаҳои ҳуқуқии мустаҳкамкунии гиромидошти забони давлатӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо забони давлатӣ на танҳо дар фаъолияти тамоми шоха ва соҳаҳои давлативу ҷамъиятӣ, балки ҷиҳати таҳияи санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ низ, аз ҷумла дар бастани созишномаҳо ва қарордодҳои муҳим истифода мешавад.

 

 Бале ҳамин забони модарист, ки нуфузи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам афзунтар мегардонад. Мо бояд талош ба он варзем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд. Пешвои миллат дар ҳар як суханрониашон таъкид менамоянд, ки дар ҷомеаи имрӯза бояд ҳар як шахс на камтар аз чор забонро донад, яъне омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии моро васеътар ва волотар мегардонад. Бузургонамон низ дар ин бора гуфтаанд, «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ».

 

 Аммо омӯхтани забонҳои хориҷӣ маънои онро надорад, ки мо бояд забони худро фаромӯш созем. Ба қавли гузаштагонамон «Ҳар ки бо забони худ сухандон гардад, донистани саб забон осон гардад», яъне барои омӯзиши дигар забонҳо нахуст забони модарии худро ҳамаҷониба омӯзем. Воқеан имрӯз забони тоҷикӣ ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, тафаккури миллии халқи тоҷик, бахусус ҷавонон рӯз аз рӯз рушд ёфта истодааст.

 

 Дар фаровард ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азизро дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, бахту иқбол, саодати рӯзгор ва барои Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузургро орзумандем.

 

 Ҷашни «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муборак бошад ҳамдиёрони азиз!

 

 Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ