Гуфтаҳо :

Талаб намудани пора барои кучонидани симчуби дорои ноқилҳои барқии 6000 кв

 

11 июли соли 2018 шаҳрванд "А" бо ариза ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат намуд, ки нисбати корманди шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш Асоев Баҳром Амонович чораҳои қонуни андешида шавад зеро номбурда, бо истифода аз мақоми хизматй ва бо роҳи суиистифодаи боварй аз ӯ барои аз қитъаи замимни наздиҳавлигиаш, воқеъ дар суроғаи н.Вахш, Ҷамоати деҳоти Рудакӣ кучонидани симчуби дорои ноқилҳои барқии 6000 кв маблағи 5000 сомони талаб карда истодааст.

Инчунин санаи 12 июли соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои опертивй- ҷустуҷуи Асоев Баҳром Амонович, ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 5000 сомонй, воқеъ дар ноҳияи Вахш, Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Дустӣ дастгир карда шуда маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Асоев Баҳром Амонович, бо моддаи 247 қисми 3 банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.