Гирифтани пора барои озод намудани сарбози қатории қисми низоми

 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷуи муайян карда шуд, ки Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович, дар вазифаи муовини сардухтури беморхонаи ҳарбии шаҳри Бустони вилояти Суғд кор карда бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи мақоми хизматиаш ба боварии шаҳрванд "А" даромада аз ӯ барои озод намудани сарбози қатории қисми низомии №04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, бинобар сабаби беморӣ маблағи 22 000 ҳазор сомонӣ талаб карда аз он 17 000 ҳазор сомониашро дар се ҳолат гирифта боз оварда додани маблағи 5 000 ҳазор сомонии боқимондаро талаб намуда истодааст. Санаи 31 майи соли 2018 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишоти Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович, дар дохили ошхонаи "Эҳрон" воқеъ дар вилояти Суғд, шаҳри Бўстон ҳангоми аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 5 000 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуда маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Абдураҳмонов Ғиёсиддин Занҷирович,   бо моддаи 247 кисми 4 бандҳои "в,г"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.