Гуфтаҳо :

Гирифтани пора бо роҳи қаллоби барои ҷудо карда додани 0,45 га китъаи замин

 

Раҳмонқулов Илҳомҷон Зиёдуллоевич дар вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти "Истиқлол"-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон кор карда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд бо номи "Бахтиёр", ки худро духтури госпитали Вазорати корҳои дохиилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намудааст бо истифода аз ваколатҳои мансаби бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт аз шаҳрванд “А” барои ҷудо карда додани 0,45 га китъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз хисоби заминҳои корами обии Ҷамоати деҳоти "Истиқлол" маблағи 120 000 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Раҳмонқулов Илҳомҷон Зиёдуллоевич, бо ҳамроҳии Султонов Бахтиёр Қурбонмуродович, ҳангоми гирифтани маблағи 120 000 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

 Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Раҳмонқулов Илҳомҷон Зиёдуллоевич, ва Султонов Бахтиёр Қурбонмуродович, бо моддаи 247 кисми 4 банди "б"-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.