Гуфтаҳо :

Боздошти корманди ШВКД-и шаҳри Роғун ҳангоми гирифтани пора

 

30 майи соли 2018, шањрванд "А" ба Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намудааст, ки кормандони ШВКД дар шаҳри Роғун бо номи «Файзулло» бо мақсади бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматй, ба боварии ӯ даромада, дидаю дониста, ки ба ваколатҳои хизматиаш қабул намудани қарор бо маводи санҷишии дар пешбурди гуруҳи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Роғун қарордошта дохил намешавад, барои ба таври мусбй ҳал намудани маводи санҷишӣ ва аз ҷавобгарии ҷинояти озод намуданаш маблағи пулии 9700 сомонӣ талаб карда истодааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотї баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 9700 сомонй дар деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Рогун боздошт гардид.

Оиди ҳолати мазкур, 30 майи соли 2018 нисбати кормандони ШВКД дар шаҳри Роғун бо номи Зикиров Файзулло Ҷунайдович  бо қисми 3 моддаи 32 - 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.



Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.