Гуфтаҳо :

Боздошти корманди ВКД ҳангоми гирифтани пора

 

Шаҳрванд "А" ба Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуда хоҳиш намудааст, ки нисбати муовини сардори Шуъбаи Раёсати мубориза зидди гардиши ғайри маводи мухадири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратуллозода Ҷурахон Нусратулло чораи қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурда барои аз ҷавобгарии ҷинояти озод намудани бародаронаш ба сифати пора 20 000 ҳазор доллари ИМА талаб намуда истодааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нусратуллозода Чурахон Нусратулло, ҳангоми гирифтани маблағи 19 800 доллари ИМА дар дохили ҳуҷраи табобатии Маҷмааи табобатии "Истиқлол" воқеъ дар кучаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Нусратуллозода Чурахон Нусратулло, бо моддаҳои 32 кисми 3- 319 кисми 4 банди "г"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 


 

Навори оперативи


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.