Гуфтаҳо :

Боздошт шудани қочоқчиён

 

Султонова Роҳат Олимовна санаи 12 апрели соли 2018 бо мақсади бадаст овардани фоида тавассути Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад бо як нафар сокини деҳаи ҳамсарҳад, ки шахсияташ номаълум мебошад шиносои пайдо намуда, аз номбурда ба миқдори умумии 828 метр профили пластмасини шаклашон З – монанд, 480 метр профили пластмасини шаклашон Т – монанд, 19260 (нуздаҳҳазору дусаду шаст) метр штапикҳои пластмасин, 700 (ҳафсад) дона гулдонҳои пластмасини ҳаҷмашон калон ва 8488 (ҳашт ҳазору чорсаду ҳаштоду ҳашт) адад гулдонҳои пластмасини шаклашон хурдро харидорӣ намуда, онҳоро ба 3 адад автомашинаҳои боркаши тамғаи “Хундай- Портер” бо роҳи пинҳонӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ аз сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст, ки зимни ҳаракат воситаҳои нақлиётии мазкур дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт карда шудаанд.
Мувофиқи хулосаи филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи масолеҳҳои сохтмонии пластикӣ ва гулдонҳои пластикии гуногунҳаҷми бо роҳи қочоқ воридгардида, бе назардошти пардохтҳои гумрукӣ дар маҷмӯъ 150 690 (яксаду панҷоҳҳазору шашсаду навад) сомониро ташкил медиҳад.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Султонова Роҳат Олимовна бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.