Оқибати гирифтани пора

 

Шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намудааст, ки нисбати мутахассиси шиносномадиҳии Раёсати хоҷагии манзилӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат Нуров Беҳзод Самадович чораи қонунӣ андешида шавад.
Зеро, ки номбурда барои додани маълумотномаи ҷои истиқомат аз охирон ба сифати пора маблағи 800 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағи зикршуда 300 доллари ИМА-ро гирифта айни ҳол бошад боз оварда додани маблағи 500 доллари ИМА-ро тамаъҷӯӣ намуда истодааст.
  Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нуров Беҳзод Саидович мутахассиси шиносномадиҳии Раёсати хоҷагии манзилӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат ҳангоми аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гирифтани маблағи 500 доллари ИМА дар утоқи кориаш воқеъ дар шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ маблағи 500 доллари ИМА ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Нуров Беҳзод Саидович, бо моддаи 324 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.