Мулоқоти дуҷониба бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ

 

27 апрели соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо мушовири минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ  Владимир Козин баргузор гардид.

 Дар рафти мулоқот, пас аз шиносоӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ муколамаи судманд анҷом дода, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои минбаъда баён карданд.

 Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бемайлони робитаҳо бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дода, дар ҳамбастагӣ як қатор чорабиниҳои мақсаднокро роҳандозӣ намудааст.

 Изҳори умедворӣ карда шуд, ки вохӯрии доиргардида барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоидро фароҳам меорад.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ