Гуфтаҳо :

Қаллоби барои вобаста намудани қитъаи замин

 

Шаҳрванд “Б” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбати шаҳрвандон “Амрулло” ва “Ёқуб” ном шаҳсон чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чунки номбурдагон барои барои вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,06 га воқеъ дар деҳаи Дарёбод, Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи н.Рудакӣ аз ӯ ба маблағи 13000 доллари ИМА-ро талаб намуда, айни замон ҳамчун пешпардохт оварда додани 5000 доллари ИМА-ро талаб намуда истодаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ санаи 14 марти соли 2018 Умаров Амрулло Абдуллоевич, истиқоматкунандаи ҳамин ҷамоат, мувақатан бекор ва Махсумов Ёқуб Атохуҷаевич, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, бинои 89, хонаи 5, мувақатан бекор ҳангоми гирифтани маблағи 5000 доллари ИМА аз шаҳрванд “Б” дар ошхонаи “Ҳоҷиён” воқеъ дар назди бозори “Саховат” дастгир карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз онҳо ёфта гирифта шуд.

   Вобаста ба ин ҳолат нисбати Умаров Амрулло Абдуллоевич ва Махсумов Ёқуб Атохуҷаевич парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад

Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.