Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Қочоқчиён ба мақсад нарасиданд.

 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шуд, ки Нурматов Зокирҷон Ҳодиевич истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷабор Расулов санаи 31 январи соли 2018 бо шаҳрванд бо номи «Асад» вохӯрда маслиҳат кардааст, ки аз деҳаи Қулундуи Ҷумҳурии Қирғизистон то ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 тонна нурии минералии навъи корбамит ва 15 тонна тухмии офтобпарастро дастрас намояд.
Сипас Нурматов Зокирҷон бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохти гумрукӣ ва дар ин замин ба даст овардани фоидаи иловагӣ ба бародаронаш Нурматов Шералӣ ва Нурматов Яҳё супориш медиҳад, ки бо роҳи қочоқ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 тонна нурии минералии навъи Корбамит ва 15 тонна тухмии офтобпарастро гузаронанд. Нурматов Зокирҷон Ҳодиевич тибқи нақшаи тарҳрезишуда амал намуда, худаш бо истифода аз автомашинаи тамғаи Мерседес Спринтер рақами қайди давлатиаш 30-69 РТ 02 Нурматов Шералӣ бо истифода аз автомашинаи тамғаи Опел-Комо рақами қайди давлатиаш 51-62 РТ 02 ва Нурматов Яҳё бо истифода аз автомашинаи тамғаи Опел Комбо рақами қайди давлатиаш 71-92 РТ 02 шаби 01 ба 02 феврали соли 2018 10.750 кг нуриҳои минералии навъи Корбамид истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекистон ва 15.820 кг тухмии офтобпарастро ба маблағи умумии 187.225 сомонӣ аз деҳаи Қулундуи Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ карда, минбаъд онҳоро бидуни назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуд.
  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ Нурматов Зокирҷон Ҳодиевич аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Нурматов Зокирҷон Ҳодиевич бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.