Гуфтаҳо :

Талаби пора барои ҷудо намудани қитъаи замин

Қурбонов Дустмурод Маҳмадраҳимович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и шаҳри Ҳисор кор карда, барои ҷудо карда додани 0.12 га қитъаи замин барои сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ аз ҳудуди заминҳои ҷамоати мазкур аз шаҳрванд «А» маблағи 1500 доллари ИМА талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов Дустмурод Маҳмадраҳимович дар роҳи деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ҳангоми аз шаҳрванд «А» талаб карда гирифтани маблағи 1500 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи 1500 доллари ИМА аз дохили автомашинаи шахсиаш ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Қурбонов Дустмурод Маҳмадраҳимович бо моддаи 247 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.