Гуфтаҳо :

Ошкор гардидани моддаҳои тарканда ва яроқи оташфишон

 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз тарафи кормандони Агентӣ дар водии Зарафшони вилояти Суғд зимни азназаргузаронӣ дар зери сангҳои калони куҳӣ болотар аз деҳаи Оби борик ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент як адад борхалтаи сафед ва ду адад халтаи орд рангаш сафед дарёфт карда шуд. Зимни азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаҳо маводи таркандаи тамғаи Аммонал ба миқдори 1323 грамм, маводи таркандаи тамғаи Тротил ба миқдри 904 грамм, 15 адад пистонҳои таркишдиҳанда, ресмони таркишдиҳанда, як адад силоҳи оташфишони якмилаи суфтамили кулангдори шикории тамғаи ИЖ 17 қутраш 16, як адад силоҳи оташфишони тамғаи ИЖ 17 қутраш 16 ва як адад силоҳи оташфишони тамғаи ТОЗ қутраш 5.6 дарёфт гардид, ки пурра дар ҳолати коршоямӣ қарор доштанд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида бо моддаи 195 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.