Талаби пора дар Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт

Муяссарзода Музаффар Муяссар дар вазифаи Мудири бахш-сарнозири давлатии ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт кор карда, дар доираи ваколати мансабиаш барои пуштибонии умумӣ, яъне бе ҳуҷҷатҳои дахлдори самти ҳифзи муҳити зист баҳри ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории истеҳсолии сементблок аз шаҳрванд «А» ба сифати пора 3.900 сомонӣ талаб намуда гирифта, боз овардани маблағи 1500 сомонии дигарро талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Муяссарзода Музаффар Муяссар баъди аз шаҳрванд «А» ба сифати пора талаб намуда гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир гардида, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Муяссарзода Музаффар Муяссар бо моддаи 319 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Ашт ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.