9-ДЕКАБР, РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ!

 

112233Дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин амалҳои ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, коррупсия арзи ҳастӣ дорад.

Коррупсия таърихи хело ҳам қадима дошта, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, оромиву суботро халалдор менамояд, ки аз ин зуҳурот боварии мардум ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардад.

Албатта, фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, зуҳури он дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад ва муборизаю муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиддиарзишӣ вазифаи на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар сокини солимақли ин марзу бум маҳсуб меёбад.

Хавфнокии коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки устувории ахлоқи ҷомеаро коста гардонида, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. То имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад.

Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин, яьне то замоне рафта мерасад, ки вазифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин ба тарзи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз cap гузаронидаанд.

Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нӯҳуми СММ мебошад.                           «Коррупсия - суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст».

Табиист, ки дар натиҷаи омилҳои коррупсионӣ иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо коҳиш меёбад, ки ин бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ба замми ин, самаранокии фаъолияти иқтисодиёт ва вайроншавии механизмҳои бозоргониро ба амал оварда, рақобати солимро аз байн мебарад ва ба пайдошавии тамоюлҳои инҳисорӣ (монополӣ) мусоидат менамояд.

Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрую нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки “Яке аз хатарҳои асосии ҷомеа, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад».

Мақомоти бо коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада шароит фароҳам меоварад, дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташаккул ёфта, оқибат ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад.

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Чунончи, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расида, дар асоси он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд.

Имрӯз Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Ҳамзамон, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ду Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои махсус доир ба мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Ташкилоти бонуфузтарини байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид, ҳамеша атрофи масъалаи мазкур чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд.

Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. То ба имрӯз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумхурии Тоҷикистон низ ба хуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.

Ҳамзамон, бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттахид 9-уми декабр, ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» дар тамоми ҷахон эълон шудааст.

Бо назардошти пазируфта шудани Конвенсияи мазкур аз тарафи Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб ёфтани он зарурати ба талаботи Конвенсия мутобиқ намудани конунҳои амалкунанда ба миён омад, ки дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ин иқдом пай дар пай амалӣ гашта, ба ҷараёни умумимиллии ислоҳоти конунгузорӣ ва муқовимат ба коррупсия табдил гардид.

Қобили қайд аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гашт. Бинобар ин, бо ибтикори Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими қонунгузорӣ ба роҳ монда шуд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бархе аз номгӯи зиёди он чорабиниҳост, ки ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар амал татбиқ шудаанд ва ин раванд идома дорад.

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Сарвари давлат баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид.

Ҳамчунин, дар идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ миқдори вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам карда шуданд.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати                   10 - солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барҳақ қайд намудаанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Бешубҳа маълумотҳои дарҷгардида нишонаи равшани мақсаду мароми қатъии андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия таъсири худро бар тамоми соҳаҳои зиндагии инсонҳо гузошта, рушди солими иқтисодро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарбахши сиёсатро халалдор сохта, робитаи миёни ҳукумат ва мардумро ногувор месозад ва ҳатто маънавиёт ва бовар ба арзишҳоро аз ҷомеа мерабояд. Аз ин рӯ, мубориза бо фасод набояд кори сирфан як мақоми хос ва алоҳида бошад. Коррупсия зиндагии солиму амн дар ҷомеаро халалдор намуда, давлатдориро, ки олитарин навъи мавҷудияти як миллат аст, ба хатар меандозад. Ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми худро бигузорем.

Идомаи ин иқдомҳои мантиқии роҳбари давлат ба мисли дигар ғамхориҳои ҳамарӯза баҳри ободиву рушди сарзамини куҳанбунёди тоҷикон ва мардуми шарифи он, ин сохтмони бинои нави маъмурии дастгоҳи марказии Агентӣ мебошад, ки рӯзи 17 декабри соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ хоҳад гардид.

Қобили зикр аст, ки бинои навбунёди маъмурии Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як бинои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосири байналмилалии меъморӣ сохта шудааст. Барои фаъолияти пурсамар ва судманди кормандони Агентӣ дар бино тамоми шароитҳои мусоиди корию хизматӣ фароҳам гардидааст. Иншоот аз 7 ошёна иборат буда, утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, толори тамрину варзиш, китобхона ва ошхонаи замонавӣ бо мизу курсӣ, компютерҳо ва дигар таҷҳизотҳои лозимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки ба кормандони Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар самти мубориза бар зидди коррупсия тақвият мебахшад.

Дар навбати худ кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дастовард ва пешравиҳоро дар фаъолияти ҳаррӯзаи корӣ самаранок истифода карда, барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа ҷидду ҷаҳд менамоянд.

 

Директори Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори адлия                                                                          Султонзода С.С.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ