Гуфтаҳо :

Қаллобӣ бо мақсади тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагӣ

Муовини сардори мактаби муттаҳидаи техникии ба номи Холбобо Шарифови шаҳри Кӯлоб подполковник Назаров Камолудин Мудинович бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дарачаи «В» 2300 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 800 сомониашро гирифта, боз овардани 1500 сомонии дигарро талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабинихои оперативӣ-тафтишотӣ Назаров Камолудин Мудинович зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Назаров Камолудин Мудинович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишти пешаки он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.