Гуфтаҳо :

Қаллобии мутахассиси мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор

Мутахассиси мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич бо истифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр намуда додани билети ҳарбии корношоям аз шаҳрванд «А» маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.