Дастгир гардидани комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Бурҳонов Рустам Авазович шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ маблағи 3000 сомонӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ 06-январи соли 2018 тахминан соатҳои 10:23 дақиқа Бурҳонов Рустам Авазович бевосита баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи 3000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Бурҳонов Рустам Авазович бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.