Ҳамкории мутақобила омили асосии паст намудани сатҳи коррупсия

  Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. 

 

  Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он сутуни давлатдориро заиф гардонида, обрую нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад.

 

  Дар замони муосир бо рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ мураккаб гаштани сохти давлатдорӣ ва ҳамкории байни давлатҳо инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, пахнашавии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои нав ба нав рубарў шуда истодааст.

 

  Ҳамчунин ба ҳамаи ин ҳодисаҳо бўҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ низ зам шудааст.

 

  Дар қатори ин хатарҳо коррупсия низ мавқеи мустаҳкамеро аз худ кардааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои дар боло зикршуда камтар намебошад.

 

  Бинобар ин бо дарки хатари коррупсия ва оқибати манфӣ доштани он, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки санади байнлалмиллалӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсияро қабул намояд, то ки он тавонад муносибатҳои давлатҳоро дар самти мубориза ба коррупсия пурра ба танзим дарорад.

 

  Дар ин замина аввалин санади ҳуқуқии байналмилалӣ зидди коррупсия, дар ҷаласаи умумии иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 31 октябри соли 2003 қабул гардид, ки он 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи давлати Мексика дар ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндагони зиёда аз сад давлати ҷаҳон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

  Конвенсияи мазкур аз ҷониби намояндагони давлатҳои иштирокдошта зиёда аз се рӯз мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки дар натиҷа намояндагони давлатҳои иштирокчӣ бо тарафдорӣ ба он имзо гузоштанд.

 

  Ҳамин тариқ, 14 декабри соли 2005 Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия мавриди амал қарор гирифт, ки он аз 8 боб ва 71 модда иборат аст.

 

  Айни замон зиёда аз 172 давлати дунё, ки аъзои Конвенсияи мазкур мебошанд, уҳдадор гардидаанд, ки дар қонунгузории миллии худ чораҳои зиддикоррупсиониро татбиқ намоянд.

 

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи чаҳонӣ ба Конвенсияи мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт.

 

  16 апрели соли 2008 Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияро тасдиқ (ратификатсия) кард, ки минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии давлатии мо ба шумор рафта, қонунгузории амалкунанда дар ин самт бо дарназардошти меъёрҳои он таҳия ва қабул шуда истодаанд.

 

  Бо максади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусиятаи коррупсионидошта, бартараф намудани такроршавии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва таҳкими фаъолияти назоратию ревизионӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуд.

 

  Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ 20 марти соли 2008, таҳти №374 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатаи молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Точикистон» ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007, таҳти №414 «Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин чиноятҳо» кабул гардид.

 

  Минбахд бо мақсади мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ дар ин самт ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

 

  Дар баробари ин барномаҳои кутоҳ ва миёнамуҳлати давлатӣ аз ҷумла “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2008-2012” қабул гардида, дар асоси нақша-чорабиниҳои он вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки бахри тақвияти раванди муқовимат ба коррупсия дар зерсохторҳои худ чораҳои зарурӣ андешанд.

 

  Инчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2010, таҳти № 864 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 сентябри соли 2010, таҳти №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ҳамчун хуҷҷати кутоҳмуҳлати давлатӣ дар радифи Стратегия ва идомаи мантиқии муқаррароти асосии он, ҷиҳати мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ заминаи устувор барпо намуд.

 

  Баъди ба итмом расидани муҳлати амали “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2008-2012”, бо дарки зарурияти идома бахшидани раванди муқовимат ба коррупсия ва паст кардани шиддати он дар кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августа соли 2013 таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коорупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020“, тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар хамкории зич байни макомоти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва хамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

 

  Дар назар аст, ки то ба анҷом расидани муҳлати пешбинишудаи санади барномавии миёнамуҳлати  зиддикоррупсионӣ сатҳи коррупсия дар кишвар паст гардида, шароит барои рушди иқтисодӣ, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум фароҳам оварда шавад.

 

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир вобаста ба масоили коррупсия   чун падидаи номатлуби ҷомеаи муосир, ки аъзоёни солим ва қувваҳои пешқадами ҷамъиятро ба ташвиш овардааст, дар асоси амалияи мақомоти идоракунии давлатӣ, ҷамъбасткунӣ ва таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тадқиқотҳои илмӣ, дар ҳол ба як низоми мониторинг, яъне таҳлили донишҳо ва таҷрибаи муборизаи шадид бо коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ табдил ёфтааст.

 

  Ба андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимои кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳанўз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд».

 

  Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани санадҳои меъёрии байнлалмиллаӣ вобаста ба коррупсия, дар қонунгузории кишвар ҷорӣ намудан ва дар амал татбиқ намудани талаботи он баҳри ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти прокуратура дар самти мубориза бо коррупсия заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузошт.

 

  Аз ҷумла, тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» мақомоти прокуратура яке аз мақомоти муборизабаранда бар зидди коррупсия эътироф гардидааст.

 

  Тибқи талаботи қисми 2-и моддаи зикршудаи ин Қонун бошад мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта шудааст, ки дар қатори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши мақомоти мазкурро дар байни мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он дар ҷомеа баланд мебардорад.

 

  Ҳамчунин бо мақсади иҷрои уҳдадорихои байналмиллалӣ ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Ковенсияи СММ зидди коррупсия дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро аз ҷониби кормандони Агентӣ вобаста ба баррасӣ намудани арзу мурҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар амалҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар намудаанд амалӣ менамояд. Ба роҳ мондани чунин тарзи кор ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти прокуратура ва Агентиро густариш дода, дар раванди муқовимат ба коррупсия нақши арзанда мегузорад.

 

  Умуман мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон ва пойдории давлати ҳуқуқбунёд, ҳамкориҳоро бо ҳамдигар боз ҳам густариш дода, дар заминаи он ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

 

  Бе ҳамкории мутақобилаи мақомотҳои бо коррупсия муборизабаранда, аз ҷумла Агентӣ ва мақомоти прокуратура хотима бахшидан бо кирдорҳои коррупсионӣ ва рушди устувори иктисодиёти давлат ғайриимкон мегардад. Зеро назорати иҷроиши якхелаи қонунҳо аз ҷумла қонунхои вобаста ба коррупсия оид ба сари вақт иҷро намудани меъёрҳои қонун дар самти мубориза ба коррупсия аз ҷониби макомотҳои маҳаллӣ, вазоратҳо, кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо яке аз хусусиятҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратураро дар ин нуқтаҳо зоҳир мегардонад.

 

  Дар зери мафҳуми ҳамкорӣ ин ба як ҳадафи муайян расидани мақсадҳои ду ва зиёда мақомот фаҳмида мешавад, ки дар якҷоягӣ ба таври ба худ хос фаъолият намуда, дар баробари ин ба фаъолияти ҳамдигар монеъа намекунанд. Ҳадафи асосии Агентӣ ва макомоти прокуратура ин дар заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ мондани ҳ

 

  Агентӣ бо мақомоти прокуратура бештар вобаста ба таҳқиқу тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, пешбурди мубориза бо омилҳои коррупсионӣ бо истифода аз усулҳои пешбиникардаи қонунгузории амалкунанда, андешидани тадбирҳо баҳри пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд, дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии онҳо мусоидат менамоянд, ҳамкориро ба роҳ монда, дар доираи ин ҳамкорӣ таҳлили якҷояи вазъи ҷинояткорӣ дар ин самт, муайян намудани ҷараёни инкишофи онҳо, омўзиш, мураттаб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами пешгирӣ, ошкор, таҳқиқу тафтиш намудани ин гуна ҷиноятҳо, ҳамчунин рафъи сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, таъмини иҷрои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва дигар чорабиниҳои давлатӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқамандро амалӣ менамоянд.

 

  Бояд қайд кард, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 таҳти №587 Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия тасдиқ карда шудааст, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия баланд бардоштани самаранокии фаъолият ҷиҳати огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои корррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ба танзим медароранд.

 

  Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия диққати ҷиддӣ дода шудааст. Аз ҷумла қайд гардидааст, ки: «Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».

 

  Дар ҳақиқат муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварда, болоравии сатҳи коррупсияро коҳиш диҳад. Зеро паст кардани сатҳи коррупсия аз бисёр омилҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеъии зиндагӣ вобастагӣ дорад. Танҳо дар сурати паст шудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ, иқтисодиёти миллӣ, вазъи машѓул шудан ба соҳибкорӣ, дониши шаҳрвандон, вазъи иҷтимоии онҳо ва соҳаи тандурустӣ рушд меёбад.

 

  Ташкили муборизаи беамон бо коррупсия дар ҳар як давлат тибқи стандартҳои байналмилалӣ, дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии муқовимат ба коррупсия, идоракунии дуруст ва шаффофи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳисоботи мақомоти давлатӣ дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкории зичи давлат, ташкилотҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, обрую нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, боварии ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳоро ба он афзун мегардонад.

 

  Бинобар ин моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва мунтаззам аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, ватани худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем.

 

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва

мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ