Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Агентӣ дар соли 2017

 

Дар ҷаласаи ҷамъбасти солонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор фаъолияти Агентӣ дар соли 2017 натиҷагирӣ шуд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар соли 2017 954 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии 548,1 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз он 282,5 млн. сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд.
Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар давраи сипаришуда 1980 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст.
Ҳамзамон, дар соли 2017 аз ҷониби муфаттишон 721 парвандаҳои ҷиноятӣ ба пешбурд қабул гардида, тафтиши пешакии 562 парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 3408 дастури хаттӣ ва 1066 пешниҳодҳо оиди бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол карда шудааст.
Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ кормандони соҳа барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва тақвияти мубориза ба коррупсия вазифадор карда шуданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.