Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 11-умин солгарди таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти Агентӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бахшида ба 11-умин солгарди таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти Агентӣ маҷлиси тантанавӣ доир карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур Директори Агентӣ муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид баромад карда, қайд намуданд, ки бо ифтихор гуфта метавонем, ки таъсисёбӣ ва ташакули минбаъдаи Агентӣ ҳамчун сохтори давлатӣ натиҷаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Инчунин қайд карда шуд, ки таъсири аввалияе, ки боиси суст гаштани сиёсати давлатдорӣ, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеъа шуда метавонад, ин коррупсия мебошад. Дар асоси маълумотҳои интишорнамудаи СММ маблағи умумии пора дар миқёси ҷаҳонӣ дар як сол 1 трлн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳамасола аз таъсири амалҳои коррупсионӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон 2,6 трлн. доллари ИМА талафоти молиявӣ расонида мешавад, ки ин маблағ 5 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилии ҷаҳониро (ВВП) ташкил медиҳад.

Бо мақсади гирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия таҳия гардидааст, ки то ба имрўз 148 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ ба он имзо гузоштааст.
Бо дарназардошти он, ки коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки глобалӣ ба ҳисоб меравад, соли 2003 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардида, аз рӯзҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аҳамияти хоса зоҳир менамояд.
Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-январи соли 2007, №143 мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Боиси ифтихори ҳар як корманди мақомоти Агентӣ аст, ки 24-феврали соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” тағйирот ворид карда шуда, 10-январ рўзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълон карда шудааст.
Таъсиси Агентӣ аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия ба шумор рафта, фаъолияти пурсамари он ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз заҳмату талошҳои шабонарўзии кормандон вобастагии калон дорад.
Дар охири баромади худ Директори Агентӣ муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид ҳамаи кормандонро ба Рўзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саодати рўзгор, фараҳмандию шодкомӣ ва дар адои вазифаи пурмасъулияту пурифтихорашон комёбиҳои беназирро таманно намуданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.