Cеминари байниминтақавӣ оид ба «Паст кардани хавфи сўйистифодаи хизматрасонии интиқоли маблағҳои пулӣ ва дороиҳо»

    Аз 11 то 15 декабри соли 2017 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой семинари байниминтақавӣ оид ба «Паст кардани хавфи сўйистифодаи хизматрасонии интиқоли маблағҳои пулӣ ва дороиҳо», баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин ва сарнозири бахши ташкилӣ ва таҳлилӣ-иттилоотии шуъбаи Раёсати Агентӣ дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон Мирзозода Илҳомиддин Умар намояндагӣ намуданд.
Дар семинари мазкур намояндагони мақомоти ваколатдор аз давлатҳои Ӯзбекистон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон низ ширкат варзиданд.
Дар чорабинии омўзишии зикргардида масъалаҳои мубрами рўз, аз қабили ҷиноятҳои хизматрасонии интиқоли маблағҳои пулӣ ва дороиҳо, мусодираи дороиҳо вобаста ба интиқоли маблағҳои пулӣ, имконияти пешбинӣ намудани мамоният дар ин самт, таҷрибаи пешқадам ва чораҳо барои дастрас намудани далелҳои шайъӣ ва дигар масоили муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.