Конфронси 9-ум оид ба тарбияи фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

 

Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 9-ум оид ба тарбияи фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва ҷаласаи 22-юми Гуруҳи ҳамоҳангсозии Ташаббускорӣ оид ба мубориза бо коррупсияи Бонки Рушди Осиё ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР), ки рўзҳои 15-17 ноябри соли 2017 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар рафти ин Конфронс намояндаҳои расмии зиёда аз 40 давлатҳои минтақа, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ ҳамчун аъзо ва нозир ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур доир ба муҳимияти тарбияи зиддикоррупсионӣ дар қаламрави минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, хавфи ин амали номатлуб дар рушди ҷомеа ва иқтисодиёти кишварҳои минтақа, раванди мусодираи молу мулк ва баргардонидани дороиҳо доир ба парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта масъалагузорӣ карда шуда, таҷриба ва проблемаҳои дар ин ҷода ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.