Гуфтаҳо :

Гузориш аз натиҷаи Конфронс бахшида ба ташрифи такрории коршиносони Созмони ҳамкории иқтисоди ва Рушд дар доираи мониторинги даври чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия

 

Ҳанўз дар соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд пешниҳод менамояд ва то ин ҷониб коршиносони ин Созмон чор маротиба мониториги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузаронидаанд.Тибқи методологияи гузаронидани мониторинг, баъди қабули ҳисоботи даврии давлати иштирокчии Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия ҷиҳати ба роҳбарияти давлат ва самъи ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ ва байналмилалӣ расонидани натиҷаи ҳисоботи давлатӣ ташрифи такрории коршиносони ин Созмон пешбинӣ шудааст.
Аз ин рӯ имруз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба ташрифи такрории коршиносони Созмони ҳамкории иқтисоди ва Рушд дар доираи мониторинги даври чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия бо иштироки намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ ва байналмилалӣ, Конфронс доир карда шуд.
Зимни баргузор намудани чорабинии мазкур қайд карда шуд, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти дастаҷамъона баҳри муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ ва дахлдор андешем.
Хотиррасон месозем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки раванди иҷрои тавсияҳоро дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шаркӣ ва Осиёи Марказӣ назорат мебаранд, ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даври чоруми мониторинги ин тавсияҳо аз ҷониби гуруҳи экспертӣ пазируфта шуд.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2018.