Аз ҷониби муфаттишон бо маслиҳати пешакӣ гирифтани пора

 

   Муфаттиши Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ Розиқов Абдусамад Файзуллоевич ва муфаттиши ҳамин шуъба Маҷидов Шерхон Шодиевич бо маслиҳати пешакӣ аз шаҳрванд «А» барои нисбати охирон қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 8000 сомонӣ талаб намудаанд. Аз ин амали нопоки Розиқов Абдусамад ва Маҷидов Шерхон Шодиевич кормандони шуъбаи Раёсати Агентӣ дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон дарҳол огоҳ гардида, баҳри дастгир намудани онҳо чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ гузаронида, дар натиҷа санаи 28 октябри соли 2017 тақрибан соатҳои 10:30 муфаттиши Шуъбаи вазорати корҳои дохлӣ дар ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ Розиқов Абдусамад зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи 5000 сомонӣ аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд.
Вобаста ба ҳолати зикрардида нисбати Розиқов Абдусамад Файзуллоевич ва ҳаммаслаки ҷиноятии ў Маҷидов Шерхон Шодиевич бо моддаи 319 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.