Қаллобӣ бо мақсади заминфурӯшӣ дар ноҳияи Муъминобод

 

   Шаҳрванд «А» ба шуъбаи Раёсати Агентӣ дар минтақаи Қўлоби вилояти Хатлон бо ариза муроҷиат намуда, қайд намуд, ки муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Н.Назарови ноҳияи Муъминобод Гадоев Худойназар ба воситаи корманди Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Одинаев Давлат аз ў барои аз худуди заминҳои Ҷамоати деҳоти мазкур ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0.08 га маблағи 5000 сомонӣ талаб намуда истодааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Одинаев Давлат баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Гадоев Худойназар Маҳмадназарович ва Одинаев Давлат Ҳасанович бо моддаи 32 қисми 3 моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.