Аз тарафи роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ ҳамчун ришваи тиҷоратӣ талаб карда гирифтани маблағи пулӣ

 

   Шаҳрванд «А» ба Шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда, қайд намуд, ки нисбати Директори филиали ҶДММ «Гео-замин» дар шаҳри Панҷакент Юсупов Муродқул Ҳасанович чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда аз ў барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 50.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи зикргардида дар якчанд ҳолат дар маҷмуъ 38.000 сомониашро гирифта айни ҳол боз овардани 12.000 сомониро талаб намуда истодааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Юсупов Муродқул Ҳасанович баъди аз шаҳрванд «А» талаб карда гирифтани маблағи 12.000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Юсупов Муродқул Ҳасанович бо моддаи 279 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суди шаҳри Панҷакент ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.