Вохўрии 8-уми бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шабакаи мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи марказӣ

 

   Рўзҳои 25-27 октябри соли 2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон вохўрии 8-уми бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шабакаи мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи марказӣ (Шабакаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд), баргузор гардид.
   Дар мулоқоти мазкур намояндагони мақомоти ваколатдор аз давлатҳои Белорус, Гурҷистон, Полша, Эстония, Латвия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсия Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, Озорбойҷон, дигар давлатҳои аъзои СҲИР ва Нақшаи Амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
   Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе Аваззода Шараф Тавар ва сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон Муҳаммадзода Шуҳрат Муҳаммадӣ намояндагӣ намуданд.
   Дар вохўрии мазкур масъалаҳои мубрами рўз, аз қабили мусодираи даромадҳои бо роҳи коррупсионӣ ба дастовардашуда, баргардонии дороиҳо, усулҳои муосири мусодираи даромадҳои бо роҳи коррупсионӣ ба дастовардашуда, усулҳои муосири баргардонии дороиҳо, мушкилот ва ҳалли таъмини мустаъқилияти прокурорҳо ва дигар масоили муҳим ҷиҳати роҳандозӣ намудани мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.