Боздошти шахсе, ки худро корманди Агентӣ муаррифӣ намуд

 

   19 октябри соли 2017 намояндаи ҶДММ “Диамед” дар вилояти Суғд шаҳрванд “А” ба Агентӣ хабар дод, ки ба ташхисгоҳи ҷамъият, воқеъ дар ҳудуди беморхонаи клиникии ба номи С. Қутфиддинов-и шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Шарипов Раҳим Муҳаммадович барои гузаштани ташхиси тиббӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ў муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад ва талаб кардааст, ки ба ў гузаштани ташхиси тиббиро ройгон амалӣ намоянд ва дар сурати инкори талабаш, ў метавонад вобаста аз мавқеи мансабиаш ба фаъолияти кории муътадили онҳо таъсири манфӣ расонад.
   Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Шарипов Раҳим Муҳаммадович дар бинои ташхисгоҳи мазкур боздошт шуда, ба Раёсати Агентӣ оварда шуд.
   Ҳангоми гузаронидани таҳқиқ Шарипов Раҳим Муҳаммадович ба корманди Агентӣ, ки шахси мансабдор мебошад барои ҳал намудани натиҷаи санҷиш ба фоидаи ў ва раҳо ёфтан аз ҷавобгарӣ, ба сифати пора 1358 сомонии бо худ доштаро пешниҳод намудааст.
   Вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикградида нисбати Шарипов Раҳим Муҳаммадович бо моддаҳои 320 қисми 1 ва 247 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.