Ҷаласаи 19-уми Шўрои ҳамоҳангии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (СҲИР) давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 

Таҳти роҳбарии муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Нурзода Т.С. гуруҳи корӣ дар ҳайати 3 нафар аз Агентӣ дар ҷаласаи 19-уми Шўрои ҳамоҳангии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рўзҳои 13-15 сентябри соли 2017 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат намуданд.

   Дар чорабинии мазкур намояндагони давлатҳои иштирокчӣ аз Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҳайси назоратгарони ин раванд намояндагон аз давлатҳои Узбекистон, Латвия ва Эстония дар ҷаласа ҳузур доштанд

   Дар чорабинии мазкур фаъолияти мақомоти тафтиши молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодии давлати худ ва ҳалли масъалаҳо вобаста ба ғанигардонии буҷет ва кам кардани талафи маблағҳои буҷетӣ, ҳамкориҳои байниидоравӣ дар ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳои андоз ва молиявӣ, дар бораи муассисаҳои пойгоҳҳои таълимии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан ва бозомўзии кадрҳо барои мақомоти андоз ва тафтиши молиявӣ, муқовимат ба зидди маблағгузории терроризм ва экстремизм мавриди муҳокима қарор дода шуд. 

  Ҷаласаи Шўро дар муҳити дўстона, рўҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоднокӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, дар фарҷом ба аъзоёни Шўро идома додани татбиқи барномаҳои ИДМ оид ба самтҳои гуногуни мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тавсия дода шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.