Қаллобӣ ба микдори калон

 

    Заминсози ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич бо маслиҳати пешакӣ бо Авғонов Бахтиёр Тағоевич аз шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2000 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағи талабнамудаашон дар ду ҳолат 1000 доллари ИМА ва 1000 сомониашро гирифта, оварда додани боқимонда 5000 сомонии дигарро талаб намудаанд.
    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич ва Авғонов Бахтиёр Тағоевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
    Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Сангинмуродов Зафар Убайдуллоевич ва Авғонов Бахтиёр Тағоевич бо аломатҳои моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.