Талаби пора бо истифодаи мақоми хизматӣ

   Ҷонишини сардор оиди кор бо ҳайати шахсӣ ва тарбияи ҳайати махсуси тавқифгоҳи тафтишоти ЯТ 9/5 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Маснадқул Юнусович аз шаҳрванд “А” барои аз тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/5 шаҳри Истаравшан ба муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон интиқол надодани бародараш 700 доллари ИМА талаб намуда, гирифта, боз овардани 600 доллари ИМА-ро талаб намудааст.
   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Холиқов Маснадқул Юнусович баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 600 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса дасгир карда шуда, маблағи зикргардида аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
   Нисбати Холиқов Маснадқул Юнусович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ ба суди шаҳри Истаравшан ирсол карда шуда, дар натиҷа нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.