Дастгир гардидани “Командир”

    Шаҳрванд “А” ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда, қайд намуд, ки нисбати корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара бо лақаби “Командир” чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз ӯ барои аз хидмати ҳарбӣ озод намуданаш маблағи 1800 доллари ИМА талаб намуда истодааст.
    Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ёрдамчии калони сардори зершуъбаи даъват ва таёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссаритаи ҳарбии шаҳри Исфара капитан Эгамов Эгам Худойбердиевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1800 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи зикргардида аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
    Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Эгамов Эгам Худойбердиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.