12.000-сомонӣ барои дохил намудан ба Донишгоҳ

 

    Шаҳрванд «А» ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намуд, ки нисбати эдвейзери Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Каримов Сафаралӣ Саидумарович чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номубрда аз ӯ барои ба донишгоҳи мазкур дохил намуданаш 12.000 сомонӣ талаб намуда истодааст.
    Дар натиҷаи гузаронидани чорабаниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Каримов Сафаралӣ Саидумарович ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 12.000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
    Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Каримов Сафаралӣ Саидумарович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.