Боз як ҳолати ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ошкор карда шуд

    Мамаджонов Маҳмуджон ҳамчун муассиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Тоҷиктара” фаъолият намуда, даст ба ғайриқонунӣ додани қитъаи замин задааст. Чунончӣ номбурда аз шаҳрванд Абдураҳмонов С. А. барои ҷудо намудани қитъаи замин 19215 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағи зикргардида ҳамчун пешпардохт 14.000 доллари ИМА гирифтааст. Сипас Мамаджонов Маҳмуджон бо мақсади қонунӣ вонамуд сохтани амалҳои худ бар хилофи ӯҳдадориҳои заминистифодабаранда амал намуда, ба таври рӯякӣ шартнома оиди сармоягузории манзилгоҳ аз номи ҶДММ “Тоҷиктара” ҳамчун “Иморатсоз” ва Абдураҳмонов С. ҳамчун “Сармоягузор” ба расмият дароварда ба охирон додааст.

       Ба ҳамин монанд Мамаджанов Маҳмуджон ба шаҳрвандон Абдураҳмонов А., Очилов Ғ. ва Сотиволдиев Ҷ. ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо намудааст.
    Нисбати Мамаджанов Маҳмуджон бо модддаи 338 иловаи 1 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукми суди шаҳри Гулистон нисбати охирон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 47500 сомонӣ татбиқ карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.