Вохӯрии навбатии кормандони Агентӣ бо кормандони вазорату идораҳо

 

    Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабаиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» баргузор гардид.
    Зимни баргузории вохурӣ вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта, омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ҳамчунин мақсаду мароми “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба ҳозирин фаҳмонида дода шуд.
    Қайд карда шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имруз бо як қатор ҷиноятҳо аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромилие рӯбару гаштааст, ки ба сулҳу суббот ва оромии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид месозанд. Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Бо дарки баланди хатари коррупсия дар ҷомеа имрӯз мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Зеро коррупсия метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда, минбаъд барои ҷинояткорӣ заминаи асосиро гузорад.
    Бинобар ин моро зарур аст, ки баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб сарҷамъона саъю кӯшиш намуда, ба пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми босазои хешру гузорем!
    Дар охир иштирокчиён бо кормандони Агентӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.