Талаби пора аз ҷониби муовини директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод

   Муовини директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод Рабиев Абдукарим аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани диплом ва шаҳодатномаи хатми курси ронандагии Литсейи мазкур 4700 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст.
   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 12 июли соли 2017 Рабиев Абдукарим ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4700 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
   Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, нисбати муовини директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод Рабиев Абдукарим парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3-319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.