ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ АСТ

    Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Имзои ин Санади тақдирсоз  оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик мебошад.

    Бахшида ба ин санаи фархундапай ва таърихӣ дар Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки васеи кормандони Агентӣ баргузор гардид. Зимни баргузории чорабинии мазкур Директори Агентӣ муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид баромад намуда, қайд намуданд, барои мо муҳим аст, ки мо бояд ба наслҳои имрўзаву оянда дуруст фаҳмонему нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург аст ва ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан, Истиқлолият ва Ваҳдати миллии он расидан масъулияти бузург мебошад. Зеро, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронии худ таъкид кардаанд, ки: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намудааст».

     Дар охир роҳбарияти Агентӣ иштирокчиёни маҷлиси тантавиро бо фарорасии ин санаи фархундапай ҳамчунин бо фарорасии Иди саити фитр, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин суннати муътабари исломиро ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои неки дини мубини Ислом истиқбол мекунанд, табрику шодбош намуда, ба ҳамагон баҳри ободиву осоиш ва шукуфоии давлати соҳибистиқлоли тоҷик тансиҳативу фараҳмандӣ, саодату хушбахтӣ, табъи болида ва дар фаъолияти масъулиятноки кормадони Агентӣ барору комёбиҳоро таманно намуданд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.