ҚАЛЛОБӢ БО МАҚСАДИ ҶУДО НАМУДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

  Шаҳрванд “А” ба Агентӣ муроҷиат намуд, ки нисбати мутахасисони Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон Ақмирзоев Сайфиддин Уралович ва Шехмуродов Исҳоқ Шоҳмуродович чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро Ақмирзоев Сайфиддин Уралович барои омода намудани парвандаи заминсозӣ аз ӯ дар маҷмӯъ маблағи 2800 сомонӣ гирифтааст. Ҳамзамон Шехмуродов Исхоқ Шоҳмуродович оиди вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 4000 сомонӣ гирифта айни ҳол боз овардани 5000 сомонии дигарро талаб намуда истодааст.

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ дар ноҳияи Шаҳритуз кӯчаи И.Сомонӣ 51 мутахассиси КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Шаҳритуз Шехмуродов Исҳоқ Шоҳмуродович баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шаъӣ ёфта гирифта шуд.

    Нисбати Шехмуродов Исҳоқ Шоҳмуродович ва Ақмирзоев Сайфиддин Уралович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 2013-2017.