Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Баргузории чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Масъулини Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо рӯзҳои 23-26 январи соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёстаи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сиёсати зиддикоррупсионии кишвар суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
  Чунин чорабиниҳо дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода, ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа, Лоҳур, Зайнабобод, Гулистон, Беморхонаи марказии ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, намояндагони Ташкилотҳои ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар ҷумҳурӣ», Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисон ва мутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия баргузор карда шуд.
   Зимни вохурӣ қайд гардид, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ифодакунандаи нуқтаи назари сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад ва муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолиятҳои бунёдкорӣ дар он ифода меёбад. 
    Дар ин радиф, аз дастовардҳои миллат тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат суханронӣ карда шуд. 
Ҳамзамон вобаста ба дастуру супоришҳои сарвари мамлакат оид ба пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хавфу хатари терроризм ва экстремизм ба сулҳу субот ва якпорчагии ватан, инчунин, оид ба пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ муфассал қайд гардида, аз аҳли ҷамоатчигӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат бо падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир бетараф набошанд.
   Дар доираи чорабиниҳои баргузоргардида, иштирокчиён атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва сабабу шароитҳои ба содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта заминагузоранда таклифу пешниҳодҳо ва суолҳо иброз намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.