Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2018

 

                                         ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2018

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нимсолаи аввали соли 2018 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти иқтисодии давлат корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Дар ин давра самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетй 665 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 334,7 млн сомонй зарари молиявй ошкор намудааст.

Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 182,3 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд, ки 51,8 фоизи зарари ошкоркардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷет 82,7 млн. сомонй ва 99.5 млн. сомонй ба корхонаҳо ва муассисаҳо барқарор карда шудааст.

Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар давраи сипаришуда 1301 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки 404 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

Инчунин, 376 адад ҷиноятҳои қаллобӣ, 11 адад ҷиноятҳои саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 76 адад ҷиноятҳо вобаста ба гирифтан ва додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ муайян ва ошкор гардиданд.

Маблағи умумии зарар бо ҷиноятҳои ошкоргардида 229,8 млн. сомониро ташкил дода, аз он ба давлат 204,5 млн. сомонй, ба ҷамъият 12,3 млн сомонӣ ва ба шаҳрвандон 13, 0 млн сомонӣ рост меояд.

Содиршавии ҷиноятҳои ошкоргардида ба ВМКБ - 82 адад, вилоятҳои Хатлон - 388 адад, Суғд - 315 адад, шаҳри Душанбе - 156 адад ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурй бошад 95 адад рост меояд.

Қобил ба зикр аст, ки ҷиноятҳои коррупсионй дар Вазорат ва сохторҳои зертобеи маориф ва илм 63 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 66 ҷиноят, нақлиёт 2 ҷиноят, кишоварзӣ 5 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолй 35 ҷиноят, молия 4 ҷиноят, инчунин дар Кумитаҳои давлатии заминсозй ва геодезӣ 64 ҷиноят, ҳифзи муҳити зист 4 ҷиноят, телевизион ва радио 3 ҷиноят, меъморӣ ва сохтмон 11 ҷиноят, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 0 ҷиноят, ҷамъиятҳои саҳомӣ 149 ҷиноят, соҳибкорони инфиродй 279 ҷиноят, соҳаи бонкӣ 176 ҷиноят ва дар дигар идораву корхонаҳо 142 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамзамон, аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 188 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй содир намудаанд.

Дар давраи сипаригардида бо гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯй 8 ҳолати иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳонаи ҳудуди дигар кишварҳо ошкор карда шуда, нисбати онҳо бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятй оғоз карда шудааст.

 

Дар нимсолаи аввали соли соли 2018 аз ҷониби муфаттишон 455 парвандаҳои ҷиноятӣ бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул гардида, тафтиши пешакии 333 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 445 нафар ба анҷом расонида шудааст.

Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии ба анҷом расонидашуда 274 парванда нисбати 365 нафар айбдоршавандагон бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Аз ҷониби муфаттишони Агентӣ бо парвандаҳои ҷиноятй ва маводҳои бо асосҳои ғайрисафедкунанда радкардашуда ба маблағи умумии 306,6 млн. сомонй зарари моддй ошкор карда шуда, дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши маводҳо маблағи 111,8 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 36,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионй аз ҷониби кормандони Агентӣ 775 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуда, нисбати шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблаги 796,7 ҳазор сомонй ҷарима татбиқ гардида, дар ин муддат 767,3 ҳазор сомонии он ба буҷаи давлат барқарор карда шудааст.

Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 1516 дастури хаттӣ ва 863 пешниҳодҳо оиди бартараф намудани омилҳои коррупсионй ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол карда шудааст.

Дар натиҷаи баррасии дастуру пешниҳодҳои мазкур нисбати 322 нафар огоҳй, 468 нафар сарзаниш, 330 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 102 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Кормандони Агентӣ дар ин муддат 492 маротиба дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 196 маротиба баромад карда, 34 мизҳои мудаввар ва нишастҳои матбуотй доир намудаанд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, санҷишҳо гузаронида шуда, 50 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ошкор карда шудааст.

Кормандони Агентй дар якҷоягӣ бо масъулини комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд, Аз ҷумла, дар давраи сипаришуда дар ин самт 122 ҳолати қонуншиканиро ошкор намуда, нисбати қонунвайронкунандагон чораандешй намудаанд.

Ба Агентй дар ин давра 662 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин микдор 620 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 181 адад ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта эроду пешниҳодҳои дахлдор дода шуда, дар 43 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шудааст.

Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ 423 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, арзу шикоятҳои онҳо шунида, оиди муроҷиатҳои онҳо чораҳои қонунй андешида шудааст. ,

Агентии назорати давлатии молиявй

ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.