Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Ҳидоятҳои раҳнамунсоз

 

20 апрел дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳуввияти миллӣ, ватандустӣ, тарѓиби сару либоси миллӣ ва татбиқи босамари Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”” вохӯрӣ доир гардид.

Яке аз нишонаи рушди ҷомеа, таҳкими қудрати давлатдорӣ ва рушди тамаддунҳо, маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва бо нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.

Ҳамаи дастоварду корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, бешубҳа, самараи заҳмати шабонарӯзии падару модарони азизи мо мебошанд. Зеро барои ба воя расонидани инсони комил зарур аст, ки падару модар бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён тарбияи дурусти фарзандонашонро ба роҳ монанд.

Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, таваҷҷуҳи занону духтарони тоҷик ба пӯшидану ташвиқи либосҳои бегонаҷой дошта, тамоюли тақлидкорӣ,бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон ба мушоҳида мерасад.

Қобили зикр аст, ки либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқу миллат буда, нигаҳдорӣ ва аз насл ба насл ба меросгузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як зани соҳибхирад аст.

Пӯшида нест, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мардум сабукиҳои зиёд оварда, самараи нек дод.Махсус бояд қайд намуд, ки бисёре аз мамолики дунё амаранок будани қонуни мазкурро пазируфтанд ва ба ҳамин монанд қонунҳои худро қабул намуда истодаанд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.