Notice: Object of class stdClass could not be converted to int in /var/www/anticorruptiontj/data/www/anticorruption.tj/modules/mod_gruemenu/tmpl/default.php on line 279
Гуфтаҳо :

Вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷмуҳурии Тоҷикистон бо кормандони «Шабакаҳои барқии ноҳияи Фирдавсӣ»

 

   Имрӯз намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷмуҳурии Тоҷикистон бо кормандони «Шабакаҳои барқии ноҳияи Фирдавсӣ» вохӯрӣ доир намуданд.
    Зимни баргузории вохӯрӣ ҳадафу мароми «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия муосидаткунанда ва ба ин васила пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, паст намудани шиддати коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои характери коррупсионидошта ба ҳозирин фаҳмонида дода шуд.
    Қайд карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, дар рушду нумуи ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
   Дар охир иштирокчиёни чорабинӣ фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин масъала баён намуда, ба саволҳои додаи худ аз ҷониби кормандони Агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.